Семинари иттилоотии барномаи Эразмус+ дар ДДД

Санаи 18-уми ноябри соли 2018 дар Донишгохи давлатии Дангара (ДДД) семинари иттилоотии барномаи Эразмус+ доир ба мавзуи «Татбики принсипхои Чараёни Болония дар МТО ЧТ» доир гардид. Дар кори семинар зиёда аз 50 нафар, аз чумла донишчуён, магистрантон, омузгорон ширкат варзиданд.

Бо сухани табрикоти ноиби ректор оид ба робитахои байналмилали, инноватсия ва сафарбарии академи Насим Алимов баромад намуд. Дар суханронии худ Н. Алимов мохияти хамкории байналмилали ва сахми барномаи ИА Эразмус+-ро рочеъ ба ислохоти тахсилоти оли кайд кард.

Дар кори семинар коршиносони тими милли доир ба ислохоти тахсилоти оли (КИТО) Хабиб Мирзоев ва Барот Гадоев иштирок намуданд.

Максади семинар шинос намудани ширкаткунандагон рочеъ ба татбики принсипхои чараёни Болония дар МТО ЧТ  махсуб меёфт.

Бо муаррифихо доир ба мавзуъхои «Сафарбарии кредитии байналмилали» ва «Татбики принсипхои Чараёни Болония дар МТО ЧТ» Х. Мирзоев ва Б. Гадоев баромад намуданд ва ба саволхои хозирин посух доданд.

 

Татбики принсипхои Чараёни Болония дар МТО ЧТ, Х. Мирзоев, Б. Гадоев, КИТО, HEREs