Маълумоти умуми доир ба мамлакат

Чумхурии Точикистон дар чанубу шарки Осиёи Маркази бо масохати 143,1 хазор километри мураббаъ чойгир шудааст. Ахолиаш 6,7 млн нафарро ташкил медихад. Пойтахти Чумхурии Точикистон шахри Душанбе мебошад, ки шумораи ахолиаш 900.000 мебошад.  Дар тарафи гарби ва шимоли Точикистон бо Чумхурии Узбекистон (1161 км) ва бо Чумхурии Киргизистон  (870 км) њаммарз мебошад. Дар кисми чануби бо Афгонистон (1206 км) ва дар тарафи шарк бо Чумхурии Чин (414 км) хамсархад мебошад. Масохати умумии дарозии тамоми марзхо 3651 км-ро ташкил медихад. Зиёда аз 93% масохати мамлакат аз куххо иборатанд, ки кисме аз онхо куххои баландтарини Осиёи Маркази ба хисоб мераванд: Тян-Шан ва Помир. Куллаи баландтарин Исмоили Сомони (7495 м) махсуб меёбад. 9 сентябри соли 1991 рузи истиклолияти Чумхурии Точикистон эълон карда шуд. Дар соли 1992 Точикистон аъзои Созмони Миллали Муттахид гардид. Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон дар соли 1994 кабул карда шуд. Органи оли ва конунбарор Мачлиси Оли ба шумор меравад. Аз соли 1994 Президенти ЧТ Эмомали Рахмон интихоб гардид. Дар сохтори маъмурию худудии Чумхурии Точикистон, минтакаи худмухтори ВАКБ, вилоятхои Сугд ва Хатлон, 51 нохия ва 22 шахр дохил мешаванд. Зиёда аз 72% ахоли дар дехот ва бокимонда (28%) дар шахрхо истикомат мекунанд. Сокинони асосии Точикистонро точикон ташкил медиханд, ки кисми зиёди ахолиро (80%) дар бар мегиранд. Дар айни замон намояндагони зиёда аз 100 гуруххои этники зиндаги мекунанд, ки дар байни онхо узбекхо (15,3 %), киргизхо (1,1%), русхо (1,1%), туркманхо (0,3%) ва дигарон ташкил медиханд.

Низоми тахсилоти оли дар Точикистон

Ба муассисахои тахсилоти олии (МТО) Точикистон донишгоххо ва донишкадахо, ки ихтисосхои мутахассиси хурд, бакалавр, мутахассис ва магистрро медиханд, дохил мешаванд.

Дар Чумхурии Точикистон барномахои «Стандарти давлатии таълимии маълумоти олии касбии Чумхурии Точикистон» ва «Талаботи минимуми Стандарти давлати ба мундарича ва сатхи тайёр кардани донишчуён ва самтхои классификатори давлати ва ихтисосхои тахсилоти оли» дар амал татбик карда шуданд.

Барои дар амал татбик кардани Стандарти давлатии тахсилоти олии касби бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон якчанд муассисахои миёнаи махсус ба сохтори макотиби оли ба хайси коллеч бо тагйироти асосхои онхо ворид гардиданд. Ин имконият дод, ки муттасилиро барои гирифтани маълумоти оли дар сатххои гуногун (мутахассиси хурд, бакалавр, мутахассис, магистр) таъмин намоянд. Тайёрии дусолаи бунёдии тахсилоти олии касби хам дар муассисаи тахсилоти оли ва хам дар коллеч аз руйи накшахои таълимии ягона татбик карда мешаванд. Дар чараёни таълим низоми рейтингии арзёбии дониш чори карда шудааст, ки вай аттестатсияи чори ва чамъбастии донишчуёнро ба хисоб мегирад.

Тайёр намудани мутахассисон дар МТО дар ду соха татбик карда мешаванд: аз руйи низоми анъанави бо мухлати тахсили 4 ё 5- сола ва додани дипломи мутахассис (мутахассиси дипломдор) мутобики ихтисоси муносиб ва аз руйи низоми нави ду зинаги:

  • тахсили 4-сола бо додани дарачаи бакалавр ба анчом мерасад
  • тахсили 6-сола бо додани дарачаи магистр ба итмом мерасад

Дар ихтисосхои тибби дипломи мутахассис пас аз тахсили 6-сола дода мешавад. Ихтисоси мутахассиси дипломдор ва дарачаи магистр ба маълумоти олии пурра мувофикат мекунад ва имконият медиханд, ки тахсилро дар низоми баъд аз муассисаи олии таълимии тайёр намудан дар аспирантура ва докторантура идома диханд.

Барномаи тахсилоти баъд аз муассисаи олии таълими барномахои сесолаи гуногунро дар бар мегиранд, ки барои додани дарачахои номзади илм ва доктори фалсафа (PhD) имконият  фарохам меоварад.