Ислохоти тахсилоти оли ва чараёни Болония

Дар айни замон 47 мамолик бо дастгирии як катор созмонхои байналмилали дар чараёни Болония ширкат меварзанд, ки он барои бунёди фазои умумиаврупоии тахсилоти оли ФУТО (EHEA) равона карда шудааст. Ин чараён дар соли 1999 аз шахри Болония (Италия) огоз ёфта, ба таври серхаракати  рушд ёфта истодааст ва пас аз хар ду сол (2001 – Прага, 2003 – Берлин, 2005 – Берген, 2007 – Лондон) максадхою вазифахои вай аз нав дида баромада мешаванд. Вохурии навбатии вазирони маориф дар шахри Лёвене (Белгия) дар мохи апрели соли 2009 баргузор гардид.

Доир ба чамъбасти конфронси вазирони маориф, ки дар мохи майи соли 2007 дар шахри Лондон доир гардида буд, эъломияи расми (коммюнике) «Ба сўи фазои умумиаврупоии тахсилоти оли: чавобхо ба даъватхои (душворихои) чахонишави» кабул карда шуда буд.

Дар эъломияи расмии Лондон вазифахою максадхоро чамъбаст намуданд ва вазифахои афзалиятнок доир ба самтхои зерин барои ду соли минбаъда муайян карда шуданд:

  Сафарбари (mobility) яке аз  бахшхои    асосии чараёни Болония ба хисоб меравад, ки барои нумуи  шахсият, рушди хамкории байналмилали имконият фарохам меоварад ва барои бехбудии сифати тахсилоти оли ва тадкикотхои илми сахми худро мегузорад. Кор доир ба халли масоили марбут ба мухочират, эътирофи дипломхо, нокифоя  будани омилхои  молияви , номавзунии (тагйирнопазирии) колибхои нафака идома хоханд ёфт.

▪   Дар сатхи милли ва муассисави (институтсионали) пешрафти зиёде оид ба гузариш ба низоми се зинагии тахсилоти оли ба даст оварда шуд. Ногузир будани ислохоти барномахои таълими мутобики талаботи бозори мехнат ва вазифахои давомнокии тахсилот, баландбардории сатхи бо кор таъминкуни ва ч.к.з. мавриди барраси карор гирифтанд.

Эътирофи вокеии ихтисосхои тахсилоти оли, даврахои тахсил ва маълумоти пештар гирифташуда ба хайси омили мухимтарини ФУТО (EHEA) шуморида мешавад. Барои такмили фаъолият доир ба эътироф ба гурухи кори супориш дода шуд, ки гузаронидани тахлили амалиёти накшахои милли ва вусъатдихии тачрибаи пешкадамро дар доираи шабакахои ENIC/NARIC (шабакаи иттилоотии аврупои ва шабакаи марказхои иттилоотии милли доир ба эътирофи академи )  созмон диханд.

▪  Чахорчубаи  тахассусхо бахши марказии рушди фазои умумиаврупоии тахсилоти оли (ФУТО, EHEA) ва механизми асоси барои ноилшавии киёси ва шафофият ба шумор мераванд, ки ба муассисахои тахсилоти оли (МТО) барои тахияи модулхо ва барномахои таълими кумак мекунанд, барои эътирофи тахассусхо ва тамоми намудхои маълумотхои каблан гирифташуда, ки дорои сертификати (хуччати) сохтори умумии ФУТО (EHEA) мешаванд ва кушишхои иловаги заруранд, мусоидат менамоянд. Онхо бо чахорчубаи ихтисосхои омузиши муттасил (бефосила), ки аз тарафи Комиссияи Аврупо пешниход мешавад, мукоисашаванда хоханд шуд.

▪ Мутобики маълумотхои чамъбасти бахшхои аники тагйирпазирии омузиш дар тули тамоми хаёт аллакаи дар аксарияти мамлакатхо вучуд доранд, аммо татбики мунтаззами тахияи махруки (траекторияи) тагйирпазирии тахсилот зарур аст.

▪   Кайд карда шуд, ки стандартхо ва пешниходот доир ба таъмини сифат дар доираи ФУТО (EHEA), ки дар Берген ба тасвиб расиданд, мавриди истифодаи умум гардиданд, инчунин дарачаи иштироки донишчуён низ баланд гардид. Хамкории байналмилали нисбати эътирофи дучониба ва аккредитатсия идома хоханд ёфт.

▪  Созиш оид ба таъсиси руйхати агентихои аврупои доир ба таъмини сифати тахсилоти оли ба даст оварда шуд. Хамкории бо хам зичи ФУТО (EHEA) бо фазои аврупоии тахкикотхои илми (ФАТИ, ERA ) хамчун самти афзалиятнок боки хохад монд. Ба муассисахои тахсилоти оли (МТО) зарур аст, ки доир ба чори кардани барномахои докторантура дар стратегияи муассисахои худ чидду чахд кунанд ва барои имконият додани тахияи махруки рушди ихтисос барои докторантону мухаккикони навомуз тамоми саъю кушишро ба харч диханд.

▪  Аз нуктаи назари ченаки ичтимои накши тахсилоти олиро дар таъмини вахдати чамъият, кам кардани нобаробари ва баландбардории дарачаи дониш, махорат ва салохият дар чамъият зарур аст. Дохилшави ва хатмкунии хамаи зинахои тахсилоти оли бояд гуногунии ахолии мамолики Иттиходи Аврупоро (ИА) инъикос кунад. Ба донишчуён бояд имкониятхо фарохам оварда шаванд, то ин ки тахсилотро новобаста аз вазъи ичтимои ва иктисодиашон бе ягон монеа ба анчом расонанд.

Фазои аврупоии тахсилоти оли аз нуктаи назари глобали. Бо каноатманди кайд карда шуд, ки дар бисёр манотики олам ислохот дар доираи чараёни Болония майлу рагбати чиддиро ба вучуд меоварад ва аллакай мубохисахо миёни шарикони аврупои ва байналмилали доир ба як катор масоил огоз ёфтанд. Доир ба такмили таъмини иттилооти  ва баландбардории  чалбкуни ва ракобатпазирии ФУТО (EHEA), рочеъ ба таквияти хамкори дар асоси шарики ва пурзур намудани мусохибахои сиёси, такмили тартиби эътироф корро давом додан зарур аст.

Дар муддати ду соли минбаъда саъю кушиши мамолики иштирокчиёни чараёни Болония ба чалби рушди низоми дипломхои се зинахо ва васеъ намудани имкониятхои бо кор таъминкунии хатмкунандагон, таъмини сифат ва эътирофи даврахои тахсилот равона карда хоханд шуд.