ФАЪОЛИЯТХО

Барои ноилшави ба максадхои худ, Барномаи Эрасмус+ фаъолиятхои зеринро рохандози мекунад:

ФАЪОЛИЯТИ АСОСИИ  1 – САФАРБАРИИ ОДАМОН

Ин фаъолияти асоси инхоро чонибдори мекунад:

  • Сафарбарии хонандагон ва хайати коркунон: имконот барои донишчуён, коромузон, чавонон ва фидоиён (волонтёрхо), хамчунин барои омузгорон, муаллимони макотиби миёна, муаллимони варзиш, коргарони чавон, коргарони муассисахои таълими ва созмонхои чамъияти шахрванди барои гузаронидани тахсил ва/ё тачрибаи кори дар дигар мамлакат;
  • Дарачахои муштараки магистр: хамбастасозии барномахои таълимии байналмилали дар сатхи оли, ки аз тарафи консорсиуми муассисахои тахсилоти оли барои пешниходи бурсхои омузишии пурра ба магистрантхои бехтарини дунё дода мешаванд;
  • Таъмини карздихи ба магистрантон: донишчуёни муассисахои тахсилоти оли дар доираи Барнома ба хоричи кишвар барои тахсили пурраи дарачаи магистр карз гирифта метавонанд. Донишчуён бояд худашон ба бонкхои милли ё агентихои карздихии донишчуён мурочиат намоянд.

ФАЪОЛИЯТИ АСОСИИ  2 – ХАМКОРИ БАРОИ НАВОВАРИ ВА ТАБОДУЛИ ТАЧРИБАИ ПЕШКАДАМ

Ин фаъолияти асоси инхоро чонибдори мекунад:

  • Шарикии стратегии трансмилли барои рушди ташаббусхои равоншуда ба як ё якчанд сохахои таълим, тахсилот, чавонон ва мусоидат ба навоварихои ирсолшуда, табодули тачрибахо ва дониши фанни миёни шаклхои гуногуни ташкилотхои дар тахсилот, таълим ва чавонон ё дар дигар сохахои муносиби ширкаткунанда;
  • Иттиход миёни муассисахои тахсилоти оли ва муассисахое, ки барои хавасманд кардани навоварихо, сохибкори, эчодкори, имконияти бо кор таъминкуни, табодули дониш ва/ё таълим ё омузиши банифанни равона карда шудаанд;
  • Сектори Иттиходи малакахои пуштибоникунандаи лоихакаши ва тахия кардани накшахои таълимии тайёрии муштараки касби, барномахо ва методологияи таълиму омузиш, ба асос гирифтани шаходати максадхо дар сектори муайяни иктисодиёт ва малакахои зарури барои ичрои як ё якчанд сохахои касби;
  • Лоихахои бунёди иктидорхои  (имконот) тарафдорикунандаи хамкорихо бо мамолики шарик дар сохаи тахсилоти оли ва чавонон. Лоихахо барои бунёди иктидорхо барои мусоидати ташкилотхо/муассисахо ва низоми онхо барои муосиркунони (ислохот) ва байналмилаликунонии онхо. Баъзе шаклхои фаъолияти сафарбари то он андоза чонибдори карда мешаванд, ки агар онхо барои ноил шудан ба максадхои лоихахо мусоидат кунанд;
  • Барномаи амалиёти тарафдори кардани IT(технологияи иттилооти), ба монанди eTwinning, барномаи амалиёти Аврупо барои омузиши калонсолон (EPALE) ва Портали чавонони Аврупо, ки онхо фазои хамкорихои виртуалиро (вокеиро) пешниход мекунанд ва дигар хизматрасонихои онлайн (мустаким) барои устодон, муаллимони варзиш ва тачрибадорон дар сохаи мактабу маориф, хам барои калонсолон ва хамчунин барои чавонон, фидоиён ва коргарчавонон дар тамоми Аврупо ва берун аз марзхои он.

ФАЪОЛИЯТИ АСОСИИ  3 – ЧОНИБДОРИИ ИСЛОХОТИ СИЁСИ

Ин Фаъолияти асоси инхоро тарафдори мекунад:

  • Донишхо дар сохаи тахсилот, тайёр намудани кадрхо ва чавонон доир ба тахияи сиёсат дар асоси маълумотхои вокеї ва зери назорат гирифтан (мониторинг) дар доираи Аврупо 2020, хусусан барои мамлакати муайян ва тахлили мавзуи, аз он чумла дар доираи хамкорихо бо шабакахои муассисахои таълими; таълими тарафайн тавассути методхои хамохангсозии кушод дар сохаи тахсилот, тайёр намудани кадрхо ва чавонон;
  • Ташаббусхои ояндадор рочеъ ба хавасмандкунии рушди сиёсати навовари миёни тарафхои манфиатдор ва пешниходи имконот ба органхои давлати барои дида баромадани самаранокии сиёсати навовари тавассути санчишхои сайёр дар асоси арзёбихои асосноки методологи;
  • Чонибдории воситахои (хуччатхои) сиёсии аврупои доир ба содда кардани шаффофият ва эътирофи малакахою тахассусхо, хамчунин интихоли кредитхо, барои хавасмандии сифат, санчишхо рочеъ ба дастгири намудани тахсилоти информали (худ ба худ руйдода) ва гайрирасми, идоракунии малакахою тавсияхо. Ин фаъолият хамчунин дастгирии муассисахоро, ки барои табодул дар Аврупо, омузиш ва сафарбарии шахрвандон, хамчунин рушди роххои тагйирпазирии таълим миёни сохахои гуногуни тахсилот, тайёрии касби ва чавонон мусоидат мекунанд, дар бар мегирад;
  • Хамкори бо созмонхои байналмилалии дорои тачрибаи баланди эътирофшуда ва бо иктидорхои тахлили (аналитики) (ба монанди ОЭСР ва Шурои Аврупо), то ин ки таъсирноки ва ахамиятнокии иловашуда ба сиёсати сохаи тахсилот, таълим ва чавонон боз хам устувортар карда шавад;
  • Мусохибахои тарафхои манфиатдор, сиёсат ва Барномаи мадад бо органхои хокимияти давлати, таъминкунандагон ва тарафхои манфиатдори сохаи маориф, тайёри кадрхо ва чавонон барои баланд бардоштани сатхи бохабарии  марбут ба Аврупо 2020, тахсилот ва тайёрии кадрхо 2020, Стратегияи чавонони Аврупо ва дигар барномахои сохавии сиёсии аврупои, хамчунин санчиши хоричии сиёсати таълими ва чавонони ИА. Инчунин онхо барои хавасмандии истифодабарии самаранокии натичахои Барнома ва хосил кардани таъсири намоён ахамияти калон доранд.

ФАЪОЛИЯТИ Жана Монне

Фаъолияти Жана Монне инхоро дастгири хохад кард:

  • Модулхои академи (таълими), кафедрахо, марказхои тачрибаи пешкадам, то ин ки таълим дар сохаи якчоякунии тахкикоти аврупоии дар амал татбикшуда, дар накшаи расмии таълимии муассисаи тахсилоти оли, хамчунин барои гузаронидан, санчиш, назорат ва таххикот аз руйи мундаричаи ИА ва барои савияхои дигари тахсилот, ба монанди тайёр кардани омузгорон ва тахсилоти хатми амиктар карда шавад. Ин фаъолиятхо хамчунин барои таъмини таълими амик барои якчосозии масоили Аврупо рочеъ ба мутахассисони оянда дар риштахое, ки дар бозори мехнат бештар талаботи зиёд доранд ва хамзамон барои хавасмандкуни, маслихат ва шогирдтайёркуни ба омузгорони насли чавон ва мухаккикон доир ба якчояшавии риштахои мавзухои асосии Аврупо, пешаки мукаррар карда щудаанд;
  • Музокирахои сиёси бо дунёи академи, аз хисоби зерин чонибдори карда мешаванд: а)  шабакахо рочеъ ба вусъат додани хамкорихо миёни донишгоххои гуногун дар тамоми Аврупо ва хамчунин дар тамоми дунё, тахкими хамкорихо ва бунёди барномаи олии амалиёти табодули дониш бо сохторхои давлати ва хадамотхои комиссияхо рочеъ ба мавзуъхои хеле мухими ИА;  б)  лоихахо барои чори кардани навоварихо ва сарватмандшавии тарафайн, вусъатдихии мохияти ИА, ки барои мусоидат намудан доир ба мухокимахо, инъикоси масъалахои ИА ва барои баландбардории дониш рочеъ ба ИА ва равишхои онхо;
  • Чонибдори аз муассисахо ва иттиходияхо барои ташкил намудан ва гузаронидани фаъолиятхои иттиходияхо аз руйи устав (низомнома), ки бо тахкикот ва масоили ИА сару кор доранд, хамчунин нашр кардани фактхои ИА дар байни оммаи васеи фаъоли таквиятдихандаи шахрвандии Аврупо. Фаъолияти Жан Монне хамчунин бурсияхои самарабахшро, ки аз тарафи муассисахо мукаррар карда мешаванд ва аз пайи ба даст овардани максадхои мафиатхои Аврупо хастанд, фарохам меоварад;
  • Тахкикотхою конфронсхо бо максади мусоидат ба сиёсатмадорон бо идеяхои нав ва бо пешниходоти муайян тавассути нуктахои назари мустакилонаи танкидииакадеми ва инъикос кардани масоили мухими ИА, хусусан дар доираи конфронси калони харсолаи байналмилалии доир ба субъектхои хеле мухими сиёси бо иштироки сиёсатмадорон, чамъияти шахрванди ва доирахои илми дар сатхи оли.