Коршиносон доир ба ислоҳоти таҳсилоти олӣ (КИТО)

Коршиносон доир ба ислоҳоти таҳсилоти олӣ ҳамчун коршиносони алоҳида маҳсуб меёбанд, ки барои ислоҳоти таҳсилоти олӣ дар мамолики шарики собиқ Темпус мусоидат менамоянд. Бо дастгирии барномаи Эразмус+ онҳо дар таҳияи сиёсат ва ислоҳот дар мамолики худ ширкат меварзанд ва саҳми худро барои омӯзиши тарафҳои манфиатдори маҳаллӣ мегузоранд. Масалан, фаъолияти онҳо ташкил ва ширкат дар семинарҳо, навиштани мақолаҳо ва маърӯзаҳо, ҳамчунин пешниҳоди маслиҳатҳо ба муассисаҳо ва сиёсатмадорони алоҳидаро фаро мегирад.

Дар ҳар як мамолики шарики тарафҳои манфиатдор тимҳои КИТО дониш ва таҷрибаи худашонро барои органҳои миллӣ ва шахсони манфиатдори маҳаллӣ, бо роҳи мусоидат ба ислоҳот таъмин менамоянд ва саҳми худро барои муосиркунонии бахши таҳсилоти олӣ дар мамлакат мегузоранд.

Вобаста ба ин, КИТО дар таҳияи сиёсати ислоҳоти таҳсилоти олӣ дар мамолики худ фаъолона ширкат меварзанд ва барои паҳн намудани иттилоот доир ба рафти ислоҳоти таҳсилоти олӣ, ки дар дигар қитъаҳои дунё, хусусан, роҷеъ ба ҷараёни Болония рух дода истодаанд, мусоидат мекунанд.

 

Вазифаҳои КИТО самтҳои зеринро дар бар мегиранд:

  • Фаъолият доир ба таҳияи сиёсат барои дастгирии ислоҳот, равиш ва стратегияи ислоҳот дар низоми таҳсилоти олӣ дар алоқамандии зич бо органҳои миллӣ равоншуда;
  • Омӯзиш ва маслиҳатдиҳӣ барои гузаронидани чорабиниҳои  мақсаднок ба шахсони манфиатдори маҳаллӣ, аз чумла, ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва ҳайати кормандони онҳо;
  • Паҳнкунӣ ва истифодаи натиҷаҳои лоиҳаҳои Темпус ва Эразмус+, чунончи, таҷрибаҳои беҳтарин ва ташаббусҳои нав роҷеъ ба рушди иқтидорҳо ва муосиркунонии бахши таҳсилоти олӣ марбут дошта.